Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, имрӯз бақияи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба 3,8 ҳазор тонна баробар буда, давоми 10 рӯзи моҳи апрел ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
«Бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон пурра аз гази воридотии Қазоқистон таъмин карда мешавад. Аз оғози сол арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, имрӯз нархи 1 литр гази моеъ 2,50-2,90 сомонӣ аст. Дар оғози сол он ба нархи 3,30-3,60 сомонӣ ба фурӯш мерафт», – гуфтанд дар вазорат ва инро ба поинравии нарх дар Қазоқистон (аз 660 $-и соли 2012 то ба 638 $ дар айни замон барои 1 тонна) нисбат доданд.
Дар маҷмӯъ соли 2012 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 81,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 28,2 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ тайи ду-се соли ахир бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон густариш ёфта, ба 40% аз ҳаҷми умумии бозор расид. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 16 ширкати тоҷикистонӣ машғуланд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфта, агар дар семоҳаи аввали соли 2012 ба ҷумҳурӣ 54,6 ҳазор тонна бензин ворид шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 25,9 ҳазор тоннаро ташкил дод.



