Баррасии омодагиҳо ба сафари Янукович ба Тоҷикистон

Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк масоли кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молияву бонк, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетикаву саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк масоли кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молияву бонк, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетикаву саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими муносибот дар бахшҳои соҳибкориву тиҷорат,  ҷалби сармоя ва муҳимияти рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба натиҷаҳои рушди иқтисоди кишвар ва рӯзмарраву муҳим будани пазируфта шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин масъалаҳои натиҷаи ҷаласаи Комисссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо, ки аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шуд ва тақвияти фаъолияти он низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот инчунин ҷараёни корҳои омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи президенти Украина Виктор Янукович ба Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.