Вохӯрии директори АНМН бо намояндагони кишварҳои арабӣ

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндагони кишварҳои арабӣ таҳти сарварии директори Маркази иттилооотии мубориза бо маводи мухаддири Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои Араб Рашид ал-Мароиҳӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони султони Баҳрайн ва Уммон ширкат намуданд. Бино ба иттилои АНМН, меҳмонон ба вазъи мухаддиротӣ дар […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндагони кишварҳои арабӣ таҳти сарварии директори Маркази иттилооотии мубориза бо маводи мухаддири Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои Араб Рашид ал-Мароиҳӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони султони Баҳрайн ва Уммон ширкат намуданд.

Бино ба иттилои АНМН, меҳмонон ба вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Афғонистон, равандҳои рушди он ва чораву тадбирҳое, ки зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир андешида мешавад, ҳамчунин фаъолияти Шӯъбаи иттилоотӣ таҳлилӣ мароқ зоҳир намуданд

Сарвари Агентӣ ҳайати меҳмононро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт, бо чораҳое, ки Ҳукумати кишвар дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир меандешад ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ошно намуд.

Дар поёни мулоқот ҳайат бо фаъолияти Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ шинос шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.