Афзоиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, имрӯз бақияи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба 3,8 ҳазор тонна баробар буда, давоми […]

Заррина Эргашева


Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 23,6 ҳазор тонна афзуда, 41,8 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, имрӯз бақияи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба 3,8 ҳазор тонна баробар буда, давоми 10 рӯзи моҳи апрел ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

«Бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон пурра аз гази воридотии Қазоқистон таъмин карда мешавад. Аз оғози сол арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, имрӯз нархи 1 литр гази моеъ 2,50-2,90 сомонӣ аст. Дар оғози сол он ба нархи 3,30-3,60 сомонӣ ба фурӯш мерафт», – гуфтанд дар вазорат ва инро ба поинравии нарх дар Қазоқистон (аз 660 $-и соли 2012 то ба 638 $ дар айни замон барои 1 тонна) нисбат доданд.

Дар маҷмӯъ соли 2012 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 81,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 28,2 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ тайи ду-се соли ахир бозори сӯзишвории гази моеъи Тоҷикистон густариш ёфта, ба 40% аз ҳаҷми умумии бозор расид. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 16 ширкати тоҷикистонӣ машғуланд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфта, агар дар семоҳаи аввали соли 2012 ба ҷумҳурӣ 54,6 ҳазор тонна бензин ворид шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 25,9 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.