Истаравшан: Боздошти кормандони комиссариати ҳарбӣ бо пора

Дата:


Ду корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, онҳо дирӯз дар ҷараёни амалиёти кормандони  Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғ боздошт шудаанд.

«Онҳо ба ду нафар сокинони шаҳр ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА озод кардан аз хизмати ҳатмии низомӣ ва тайёр кардани билетҳои ҳарбиро ваъда кардаанд ва зимни гирифтани маблағи зикршуда боздошт гардиданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Истаравшан сокини шаҳри Душанбе А.М., низ боздошт шудааст, ки худро бардурӯғ корманди прокуратура муаррифӣ намуда, аз як сокини ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан бо ваъдаи ба фоидаи ӯ ҳал кардани маводи ҷамъоварда 500 доллари ИМА гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное