Истаравшан: Боздошти кормандони комиссариати ҳарбӣ бо пора

Ду корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, онҳо дирӯз дар ҷараёни амалиёти кормандони  Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғ боздошт шудаанд. «Онҳо ба ду нафар сокинони шаҳр ба ивази 2 ҳазор доллари […]

Мавлуда Рафиева


Ду корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, онҳо дирӯз дар ҷараёни амалиёти кормандони  Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғ боздошт шудаанд.

«Онҳо ба ду нафар сокинони шаҳр ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА озод кардан аз хизмати ҳатмии низомӣ ва тайёр кардани билетҳои ҳарбиро ваъда кардаанд ва зимни гирифтани маблағи зикршуда боздошт гардиданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Истаравшан сокини шаҳри Душанбе А.М., низ боздошт шудааст, ки худро бардурӯғ корманди прокуратура муаррифӣ намуда, аз як сокини ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан бо ваъдаи ба фоидаи ӯ ҳал кардани маводи ҷамъоварда 500 доллари ИМА гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.