Омодагии Қатар баҳри мусоидат ба рушди футболи тоҷик

Як ҳайати Ассотсиатсияи футболи давлати Қатар таҳти сарвари президенти он Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар мулоқоти ҷаноби Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ доир гардида, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили марбут ба рушди футбол дар […]

ASIA-Plus


Як ҳайати Ассотсиатсияи футболи давлати Қатар таҳти сарвари президенти он Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар мулоқоти ҷаноби Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ доир гардида, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили марбут ба рушди футбол дар Тоҷикистиону Қатарро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи Қатар ба расонидани кӯмаки техникӣ дар бахшҳои гуногуни футбол ба Тоҷикистон, аз ҷумла рушди футбол миёни кӯдакону наврасон, омӯзиши мураббиёни сатҳҳои гунонун, беҳбуди сатҳи касбии доварон, баргузор намудани вохӯриҳои дӯстона дар синнусоли гуногун ва ғайра омодагӣ изҳор намудааст.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ Рустами Эмомалӣ ба Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ нишони хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистонро тақдим намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.