Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов дар назди аъзои Шӯро лоиҳаи қонуни мазкурро муаррифӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиёт, молия, низоми асъорӣ ва савдои берунаи ҷумҳурӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва сатҳи алоқамандии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба хоҷагии ҷаҳонӣ таҳия шуда, аз 4 боб ва 24 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.
Дар Шӯрои МН ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири навро муҳокима ва баррасӣ шуданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, қисме аз онҳоро барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 17-уми апрел баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигарро барои ташхиси ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол доштанд.



