Таъкиди тақвияти фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда нест. Тавре зикр гардид, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 50 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳад. Танҳо моҳи сентябри соли 2012 зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон 12 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Аз ин хотир, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба, татбиқи босамари санадҳои имзошуда зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи тавофуқоти сершумори иқтисодию сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст пояҳои устувор мегузорад.

Рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар номида шуд. Дар ин робита гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои мусоидат ба эҳёи ҳаёти осоишта ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...