Афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ

ASIA-Plus


Дар як таҳқиқоте таҳти унвони «Баҳогузорӣ ба самаранокии иқтисодии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд анҷом дода шудааст, афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ин созмонҳо зикр мегардад.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, узвияти Тоҷикистон ба ин ташкилотҳо натиҷаи иқтисодии мусбат ба бор оварда, вале интизор набояд шуд, ки аз узвият дар як они воҳид афзалиятҳо ба даст меоянд ва он барои Тоҷикистон танҳо як равзанаи имкониятҳоро боз мекунад.

Бино ба маълумоти дар таҳқиқот зикргардида, натиҷаҳои имконпазир аз се ҷанбаи асосӣ – ҷалби сармоя, рушди бештари истеҳсолот ва омили муҳоҷирати корӣ ба даст хоҳанд омад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ба болоравии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 3,5% имкон фароҳам меоваранд.

«Тайи ду даҳсолаи ахир ҳаҷми сармогузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба сатҳи имконпазир камтар буданд ва имконоти сармоягузории кишвар айни замон ҳудуди 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар таҳқиқот.

Зимнан зикр мегардад, ки узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ воситаи муассири воридшавии сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба бахшҳои гидроэнергетика, саноати сабуку истихроҷӣ кӯҳӣ, бахши бонкиву кишоварзии Тоҷикистон хоҳад гашт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, яке аз нафъҳои асосии Тоҷикистон аз узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ воридшавӣ ба бозори ягонаи меҳнат мебошад, ки созишномаҳои ин ташкилотҳо дар мавриди муҳоҷирати корӣ ба муттаҳид намудани захираҳои кории кишварҳои узв ва таъсису роҳандозии фаъолияти мӯътадили ин бозор мебошад.

«Дар маҷмӯъ узвияти Тоҷикистион ба Иттиҳоди гумрукӣ ба афзоиши муҳоҷирати корӣ ба андозаи 10-15%, афзоиши музди меҳнати муҳоҷирон ба миқдори аз 9 то 28% ва зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба миқдори аз 15 то 25% мусоидат хоҳад намуд», – баён мегардад дар таҳқиқот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...