Маскав: Боздошти собиқ курсанти Академияи ВКД ҶТ бо 19 кило героин

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав собиқ курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳудуди 20 кило маводи мухаддири героин боздошт шуд.

Бино ба маълумоти нашрияи Российская газета, ӯ дар Маскав ғайриқонунӣ иқомат дошта, маводи мухаддиро ба ӯ асосан тавассути қатораи Душанбе-Маскав меовардаанд. «Ҳангоми кофтукови манзи зисти номбурда ҳудуди 19 кило героин ва беш аз 350 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – менависад нашрия.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш боздоштшуда иқрор шудааст, ки боз 4 килои дигар героин дорад ва ихтиёрӣ пинҳонгоҳи онро нишон додааст.

Ҳамчунин

Vmdaily.ru

хабар медиҳад, ки чанде қабл дар шаҳри Перм кормандони пулис се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 27 кило героин боздошт кардаанд, ки барои интиқол ба шаҳри Маскав пешбинӣ шуда будааст. «Маводи мухаддир дар дохили чархи эҳтиётии автомобил дарёфт шуд», – гуфта мешавад дар хабар.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...