Суғд: Ҳукми 15,5 соли зиндон ба сокини пойтахт барои суиқасд ба куштор

Мавлуда Рафиева


Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Назар Мирзомуродовро дар кӯшиши суиқасд ба куштор гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ахири моҳи июли соли гузашта  маҳкумшуда ҳамроҳи шиносаш Қурбон Рауфов барои рӯёнидани қарзи ахирӣ аз Ғайрат Орифов ном шахс ба шаҳри Қайроққум омада, ҳангоми вохӯрӣ ба лату кӯби ӯ оғоз мекунанд.

«Ба қавли маҳкумшуда, ӯ қаблан бо Орифов шинос набуда, вале зимни муноқиша Орифов бо корд ба ӯ якчанд зарба мезанад ва ӯ дар хотир надорад, ки чӣ гуна кордро аз дасти Орифов гирифта, ба ӯ ҳамла кардааст», – гуфтанд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, дар суд Мирзомуродов ба гуноҳаш иқрор нашуд, зеро мақсади қатли Орифовро надошта, қаблан ҳам ӯро намешинохтааст.

«Орифов иброз дошт, ки ӯ ба ин шахсон қарздор набуда, онҳо барои соҳиб шудан ба автомашинаи тамғаи «Ланд-Крузер»-и ӯ омадаанд», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ, Қурбон Рауфов изҳор намудааст, ки тақрибан ду сол пеш Ғ.Орифов аз ӯ ин автомашинро харида, 15 ҳазор доллари ИМА маблағи боқимондаро напардохтааст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...