Дар Тоҷикистон бренди беҳтарини солро муайян мекунанд

Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 17-уми апрели соли 2013 нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол» барпо гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и вазорати мазкур хабар доданд, Кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ дар назди Вазорат таъсис […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 17-уми апрели соли 2013 нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол» барпо гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и вазорати мазкур хабар доданд, Кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ дар назди Вазорат таъсис дода шудааст.

Кори ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода оғоз намуда,  вобаста ба омодагӣ ва баргузории озмун вазифаҳои мушшахасро дар назди аъзоёни  Кумитаи тадорукот муайян намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Яке аз нуқтаҳои муҳими масъала аз он иборат аст, ки бо ҳамроҳшавии  Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо, афзоиши воридоту содироти молу маҳсулот зиёд мегардад ва ин  дар навбати худ эҳтимолияти шиддати рақобатнокиро ба миён меорад.

Аз ин хотир, ҳадафи баргузории озмун аз он иборат аст, ки ширкатҳо ва ҳама истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо дар пешбурди бренди худ ҳавасманд гардонида шаванд.

Ҳамзамон озмуни мазкур бояд нишон диҳад, ки бренд чӣ гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.