Суғд: Ҳукми 15,5 соли зиндон ба сокини пойтахт барои суиқасд ба куштор

Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Назар Мирзомуродовро дар кӯшиши суиқасд ба куштор гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15,5 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ахири моҳи июли соли гузашта  маҳкумшуда ҳамроҳи шиносаш Қурбон Рауфов барои рӯёнидани қарзи ахирӣ аз Ғайрат […]

Мавлуда Рафиева


Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Назар Мирзомуродовро дар кӯшиши суиқасд ба куштор гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ахири моҳи июли соли гузашта  маҳкумшуда ҳамроҳи шиносаш Қурбон Рауфов барои рӯёнидани қарзи ахирӣ аз Ғайрат Орифов ном шахс ба шаҳри Қайроққум омада, ҳангоми вохӯрӣ ба лату кӯби ӯ оғоз мекунанд.

«Ба қавли маҳкумшуда, ӯ қаблан бо Орифов шинос набуда, вале зимни муноқиша Орифов бо корд ба ӯ якчанд зарба мезанад ва ӯ дар хотир надорад, ки чӣ гуна кордро аз дасти Орифов гирифта, ба ӯ ҳамла кардааст», – гуфтанд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, дар суд Мирзомуродов ба гуноҳаш иқрор нашуд, зеро мақсади қатли Орифовро надошта, қаблан ҳам ӯро намешинохтааст.

«Орифов иброз дошт, ки ӯ ба ин шахсон қарздор набуда, онҳо барои соҳиб шудан ба автомашинаи тамғаи «Ланд-Крузер»-и ӯ омадаанд», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ, Қурбон Рауфов изҳор намудааст, ки тақрибан ду сол пеш Ғ.Орифов аз ӯ ин автомашинро харида, 15 ҳазор доллари ИМА маблағи боқимондаро напардохтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.