Тоҷикистон ба узвияти Комиссияи маводди мухаддири СММ пазируфта шуд

ASIA-Plus


Рӯзи 25-уми  апрели равон дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи маводди мухаддир (Commission on Narcotic Drugs) барои солҳои 2014-2017 бо иттифоқи оро интихоб гардид.

Комиссияи маводди мухаддир ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур 16 феврали соли 1946 дар асоси қатъномаи ECOSOC таъсис дода шудааст. Комиссия ба пайгирӣ ва назорати татбиқи конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии марбут ба маводди мухаддир машғул аст. Ниҳоди мазкур инчунин Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ₋ро роҷеъ ба тамоми масъалаҳои вобаста ба назорати маводди мухаддир, равонгардон ва пешсозҳо (прекурсоҳо)₋и онҳо роҳнамоӣ мекунад.

Комиссия вазъи назорати маводди мухаддир дар ҷаҳон, масъалаҳои марбут ба пешнигирии нашъамандӣ  ва тавонбахшии нашъамандонро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба коҳиш додани талабот ба маводди мухаддир ва роҳҳои мубориза бо гардиши ғайриқонқунии ин гуна мавод тавсияву пешниҳодот таҳия мекунад.

Комиссияи маводди мухаддир аз 53 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо дарназардошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ ва ъзои ниҳодҳои тахассусӣ ва тарафҳои Конвенсияи ягонаи маводди мухаддир интихоб карда мешаванд.

Дар ин рӯз дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба узвият дар Комисияи мақоми занон (Commission on Status of Women)  барои солҳои 2014-2018 бо иттифоқи оро интихоб гардид.

Комиссияи мақоми занон ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур ниҳоди асосии ҷаҳонӣ дар масъалаҳои таҳия ва тадвини сиёсати баробарҳуқуқии ҷинсӣ (гендерӣ) ва беҳсозии мавқеи занон мебошад.

Комиссияи мазкур 21 июни соли 1946 аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ба мақсади таҳияи гузоришу пешниҳодот ба Шӯро дар масъалаҳои ҳимоя ва риояи ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоии занон таъсис дода шудааст. Комиссия инчунин ба таҳияи пешниҳодот ба Шӯро дар мавриди ҳаллу фасли мушкилоти мубрам дар риштаи ҳуқуқи занон машғул аст.

Комисияи мақоми занон аз 45 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо дарназдошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ интихоб карда мешаванд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...