Муаррифии стратегияи зиддимухаддиротӣ ба дипломатҳои хориҷӣ

Дар дафтари кории Барномаи рушди СММ зимни баргузории машварати ҳармоҳаи Гурӯҳи роҳбарони созмонҳои мададрасон раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров «Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, Стратегияи мазкур аз ҷониби сарвари давлат […]


Дар дафтари кории Барномаи рушди СММ зимни баргузории машварати ҳармоҳаи Гурӯҳи роҳбарони созмонҳои мададрасон раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров «Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, Стратегияи мазкур аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 13-уми феврали соли равон тасдиқ гардида, дар маросими муаррифии он сафирони 10 кишвари муқими ҷумҳурӣ ва ҳамчунин роҳбарони лоиҳаҳои байнулмилалии зиддимухаддиротии дар Тоҷикистон мавриди амалисозӣ қарордошта ширкат варзида буданд.

Рустам Назаров дар бораи сабабҳои водоркунанда ба қабули Стратегияи миллӣ, ҳадафу вазифаҳо, тадбирҳои амалисозӣ ва натиҷаҳои интизоридошта аз Стратегия маълумоти муфассал дод. Ба масъалаи механизми амалисозии Стратегия ва ҳамкории байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар фарҷоми суханронӣ директори Агентӣ ба саволҳои сершумори иштирокдорони машварат посух гуфт. Ба иштирокдорони машварат китобчаҳои «Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Гузориши вазъи мухаддирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ тақдим карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.