Сафари комиссияи махсуси корхонаи роҳи оҳан ба Маскав

Шоми дирӯз комиссияи махсуси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба санҷиши қатораҳои самти Душанбе-Маскав аз истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ба Маскав раҳсипор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, ба ҳайати комиссияи мазкур масъулини соҳа, кормандони Прокуратураи нақлиёт, Шӯъбаи корҳои дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон шомиланд. Ба иттилои манбаъ, […]


Шоми дирӯз комиссияи махсуси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба санҷиши қатораҳои самти Душанбе-Маскав аз истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ба Маскав раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, ба ҳайати комиссияи мазкур масъулини соҳа, кормандони Прокуратураи нақлиёт, Шӯъбаи корҳои дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, комиссия бо мақсади ошкор намудани то кадом дараҷа воқеъӣ будани изҳороти интиқодии мансабдорони воломақоми Русия нисбат ба ҳайатҳои қатораҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

«Аъзои комиссия вазъи қатора қабл аз сафар аз истгоҳи Душанберо мавриди санҷиш қарор дода, дар сафар бо ҷараёни санҷиши қатора аз ҷониби мақомоти масъули кишварҳои убури қатора низ аз наздик ошно хоҳанд гардид», – гуфтанд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз 9 рӯз аъзои комиссия бо ҳамин ҳайати қатора аз Маскав ба Душанбе баргашта, дар бораи сафар ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл бо супориши мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як

комиссияи махсуси корие

таъсис дода шуд, ки ба санҷиши қатораи ба самти Душанбе-Маскав равуодошта машғул хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко

бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав

низ шинос шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.