Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар изҳороти интишоркардаи худ амали ноҷавонмардонарое, ки нисбати Алишер Чақалов аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифтаст, маҳкум намуда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш менамояд, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд ва пеши ин гуна кирдорҳои ношоиста гирифта шавад.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки санаи 23-юми апрели соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ гуруҳи номаълум ба ду нафар ронандаи ҷавон, ки дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ машғули кор будаанд, дарафтода, яке аз онҳоро
сахт латукӯб кардаанд.
Аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов онҳо ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом бо мақсади шустушӯй ба ҳаммом равона мегарданд.
Дар роҳ гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён, пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавонҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд.
Баъди бозгашт, тахмин наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавон Алишер Чақаловро сахт латукуб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов бошад, ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад.
Бино ба маълумоти шоҳидони ҳол ин бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.
Дар изҳорот ҳамзамон, аз кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда мешавад, ки барои ободиву созандагии диёр саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз нерӯву қувваи ҷавонон ба ҳадафҳои ғаразонаи хеш истифода кунанд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 20 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 70 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.


