«Созандагони Ватан» ҳамла ба бинокорон дар Хоруғро маҳкум кард

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар изҳороти интишоркардаи худ амали ноҷавонмардонарое, ки нисбати Алишер Чақалов аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифтаст, маҳкум намуда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш менамояд, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд ва пеши ин гуна кирдорҳои ношоиста гирифта шавад. Дар изҳорот зикр мегардад, ки санаи 23-юми […]


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар изҳороти интишоркардаи худ амали ноҷавонмардонарое, ки нисбати Алишер Чақалов аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифтаст, маҳкум намуда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш менамояд, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд ва пеши ин гуна кирдорҳои ношоиста гирифта шавад.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки санаи 23-юми  апрели соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ гуруҳи номаълум ба ду нафар ронандаи ҷавон, ки дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ машғули кор будаанд, дарафтода, яке аз онҳоро

сахт латукӯб кардаанд.

Аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов онҳо ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом бо мақсади шустушӯй ба ҳаммом равона мегарданд.

Дар роҳ гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён, пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавонҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд.

Баъди бозгашт, тахмин наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавон Алишер Чақаловро сахт латукуб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов бошад, ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад.

Бино ба маълумоти шоҳидони ҳол ин бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.

Дар изҳорот ҳамзамон, аз кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда мешавад, ки барои ободиву созандагии диёр саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз нерӯву қувваи ҷавонон ба ҳадафҳои ғаразонаи хеш истифода кунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 20 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 70 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.