Дар робита ба вазъи мушкили равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар назди сафорат Ситоди кӯмак ба ҳамватанон таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, сарварӣ ба фаъолияти ситодро сафир А.Достиев ба уҳда гирифта, ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни вуруд ба Русия ё хориҷ шудан аз он дар фурудгоҳҳову истгоҳи роҳи оҳан аз ҷумлаи вазифаи асосии ситод маҳсуб меёбад. Гурӯҳи корӣ дар фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково» ва ҳамчунин истгоҳи роҳи оҳани Қазон амал мекунад.
Гурӯҳи корӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагиҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ва дар мувофиқа бо маъмурият дар фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково» ва ҳамчунин истгоҳи роҳи оҳани Қазон нвабатдорӣ роҳандозӣ мекунанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев муҳим рӯзмарра будани маҳз айни замон таъсис додани чунин ситодро зикр кардааст, зеро на танҳо аз ҷониби матбуоти чопӣ, балки аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизиони Русия низ атрофи тоҷикон як муҳити таҳаммулнопазирӣ ва хусумат ҷараён дорад.
«Муҳоҷирати корӣ дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст ва дар Русия муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз рӯи шумор дар ҷойи чоруманд, вале аз сиёсати муайяни тариқи ВАО-и Русия роҳандозишуда маҳз атрофи муҳоҷирони тоҷик муҳити ташаннуҷомез ба вуҷуд омадааст», – иброз доштааст А.Достиев.





