Тоҷикони пас аз намози ҷумъа боздоштшуда раҳо ёфтанд

ASIA-Plus


Бино ба иттилои нмояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, 35 тоҷикистонӣ, ки миёни 140 нафар шаҳрвандони мусулмонтабор баъди адои намози ҷумъа дар Москва аз ҷониби мақомоти қудратии пойтахт боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буданд, баъди гузарондани тафтишот раҳо ёфтанд.

«Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи “Донская”-я шаҳри Москва дар асоси дархости Сафорат рӯйхати пурраи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ихтиёри мо гузошт ва таъйид намуд, ки то ҳоло нафаре аз онҳо ба ҳайси гумонбар дар аъзогии гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ айбдор нашудаанд. Ҳамаи онҳоро шуъбаи корҳои дохилии номбаршуда раҳо намуд», – иброз дошт ӯ..

Ба қавли намояндаи сафорат, аммо, бо он шаҳрвандоне, ки асноди буду бош ва қайди муваққатӣ дар ин кишвар надоштанд, Хадамоти муҳоҷирати Русия сарукор гирифта, интизор меравад, ки ин мақоми ҷониби Русия низ дар наздиктарин фурсат Сафоратро дар ҷараён хоҳад гузошт, ки оё миёни онҳо ҳастанд нафароне, ки қавоиди муҳоҷиратро вайрон намудаанд ва тақдири минбаъдаи эшон чӣ хоҳад буд.

«Мушоҳидаи шахсии банда ин аст, ки Русия солҳои ахир барои таъмини озодии дин, бахусус баҳри чомеаи мусулмонтабори кишвараш фазои мусоиди тоату ибодатро фаро овардааст. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои кишвар масҷидҳо бунёд гардиданд ва сафи намозгузоронро ҳазорҳо-ҳазор мардумони мусулмонтабор – муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ, ҷамоҳири Қафқоз ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба чанд маротиб боло бурданд. Аммо, солҳои ахир кишвар бо мушкилоти вобаста ба нафароне, ки ба гурӯҳҳои радикалӣ мепайванданд ва эҳтимолияти ба амалҳои эксремистӣ даст заданашон имкон дорад, мувоҷеҳ гардидааст», – зикр кард М.Эгамзод.

Номбурда аз ҳамватанон дар қаламрави Русия хоҳиш кардааст, ки «ҳушёрии хешро таҳким бахшанд ва кӯшиш кунанд, бахусус онҳое, ки ҳанӯз ҷавону наврасанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро кашида нашаванд». 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...