Пешгирии интиқоли беш аз 100 кило мухаддирот аз Афғонистон

Date:


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли миқдори ниҳоят зиёди мухаддир аз ҷониби қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, тибқи маълумоти расида муайян карда шудааст, ки  дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст – шаҳрвандони Афғонистон марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

«Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони шӯъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ бозистанд, лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор кардаанд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори «бангдона» ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...