Пешгирии интиқоли беш аз 100 кило мухаддирот аз Афғонистон

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли миқдори ниҳоят зиёди мухаддир аз ҷониби қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, тибқи маълумоти расида муайян карда шудааст, ки  дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст – шаҳрвандони Афғонистон марзи […]


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли миқдори ниҳоят зиёди мухаддир аз ҷониби қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, тибқи маълумоти расида муайян карда шудааст, ки  дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст – шаҳрвандони Афғонистон марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

«Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони шӯъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ бозистанд, лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор кардаанд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори «бангдона» ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.