Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис меёбад

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар ин ноҳия соли 2012 нисбат ба соли 2000 саршумори чорвои […]


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин ноҳия соли 2012 нисбат ба соли 2000 саршумори чорвои калони шохдор 188%, моли майда 179% ва истеҳсоли гӯшт 109% афзудааст. Аз 2228 хоҷагии гуногуни соҳаи кишоварзӣ 102-тоаш ба чорводорӣ машғул аст. Бо нигаронӣ иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор га замини обии ноҳияи Ховалинг якуним ҳазораш бо сабаби аз кор мондани шабакаҳои обрасонӣ аз истифодаи мақсаднок боз мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ин камбудӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад. Роҳбарияти ноҳияи Ховалинг ва ҳам масъулини ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шуданд, доир ба хушзот намудани чорво, афзоиши саршумори он ва боло бурдани нақши ин ноҳия дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир тадбирҳои муассир андешанд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯи маҳсулоти маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон ба 48 миллиону 143 ҳазор сомонӣ расида, нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 101,1% иҷро гардидааст. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ босубот ривоҷ меёбад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ ” ва лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”, “Дар бораи судҳо”, “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ” ва “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ ” пешниҳод гардид.

Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд, Стратегия оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2018, Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.

Ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва масъулини ҷумҳуриявӣ доир ба ободу зебо намудани ин шаҳрҳои бостонӣ ва дорои имкону захираҳои фаровони рушд супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои маҳаллӣ , рушди кишоварзӣ , бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ , муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ қабул гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба корҳои соҳилбандӣ , пешгирӣ аз хатарҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ , вусъати кишти баҳорӣ , омодагӣ ба кишти такрорӣ , афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ ба Рӯзи миллии дав (19 май), Рӯзи ҷавонон (23 май) ва ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ , тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстии мардум дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.