Мусодираи 65 кило мухаддирот аз ҷониби кормандони КДАМ

Дар натиҷаи се амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ВМКБ ва вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 65 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, кормандони Кумита ҳамчунин аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави ноҳияи Қумсангир […]


Дар натиҷаи се амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ВМКБ ва вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 65 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, кормандони Кумита ҳамчунин аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави ноҳияи Қумсангир низ ҷилавгирӣ намуданд.

«Дар ҷараёни як амалиёт қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя баргаштанд ва аз ҷойи ҳодиса ҳудуди 62 кило маводи мухаддир дарёфт шуд, ки ҳудуди 59 килояшро маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 3 килояшро героин ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон боздошт шудааст, ки аз ӯ ҳудуди 3 кило ҳашиш ва героин дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷасур Мамадризоев дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ивази даҳ шиша арақ аз шаҳрванди Афғонистон Фирӯз ҳудуди 385 грамм ҳашиши гирифта, бо маводи мухадир боздошт гардид», – гуфтанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 950 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.