Дархости муҳлатҳои зиёди зиндон ба Ш.Карамхудоев ва Д.Ашӯров

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду нафар иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ – Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров мутаносибан 15 ва 13 соли ҷазои маҳрумият аз озодиро дархост намуд. Тавре адвокатҳои айбдоршавандагон хабар доданд, рӯзи 30-юми апрел ҷаласаи навбатии судӣ доир гардида, прокурор аз суд дархост кардааст, ки Карамхудоев ва Ашӯров аз рӯи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда айбдор эътироф […]


Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду нафар иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ – Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров мутаносибан 15 ва 13 соли ҷазои маҳрумият аз озодиро дархост намуд.

Тавре адвокатҳои айбдоршавандагон хабар доданд, рӯзи 30-юми апрел ҷаласаи навбатии судӣ доир гардида, прокурор аз суд дархост кардааст, ки Карамхудоев ва Ашӯров аз рӯи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда айбдор эътироф гардида, ба муҳлатҳои зикршуда маҳкум карда шаванд.

Ба гуфтаи адвокатҳо, онҳо даъвати аъзои «Гурӯҳи-20», вазирони мудофиа ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мурофиаро дархост намудаанд, вале суд дархости онҳоро рад кардааст. «Мо маводи ВАО дар бораи гуфтаҳои вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб нашудани иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғ ва аз ҷониби судяи дигар баррасӣ шудани парвандаи мазкурро дархост намудем, вале он ба инобат гирифта нашуд», – гуфтанд онҳо  ва илова карданд, ки то 6-уми майи соли равон суд танаффус эълон кард.

Мурофиаи судии мазкур пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад, зеро ба парвандаи муҳри «махфӣ» гузошта шуда, мурофиаро судяи суди олӣ Нуриддини Расулов раисӣ мекунад.

Раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамудоев ба ғайриқонунӣ нигоҳдории аслиҳа, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳукумат ва Димон Ашӯров ба қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳукумат ва фирор аз ҳабс айбдор карда мешаванд. Тафтишот бар он назар аст, ки ҳарду ба муқобилати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои маълуми шаҳри Хоруғ тобистони соли гузашта даст доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.