Маъракаи кишти пахта дар арафаи анҷомёбист

Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то ахири ҳафтаи равон дар майдони беш аз 92%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 29-уми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 185 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар […]


Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то ахири ҳафтаи равон дар майдони беш аз 92%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 29-уми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 185 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар 6,7 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, барои саривақт ва хушсифат анҷом додани маъракаи кишти пунбадона 402 адад тухмипошакҳо сафарбар шуда, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт мешаванд.

Дар вилояти Хатлон барои кишти пунбадона – 131,2 ҳазор, вилояти Суғд – 61,2 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 7 ҳазору 652 гектар қитъаи замин ҷудо шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.