Овозхони шинохтаи эронӣ Андӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, имрӯз шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доранд, ки дар мавҷи 107FM мустақиман ба ӯ саволҳои худро ироа доранд.
Шурӯъ аз соати 15:05 ровиёни радио Беҳрӯзи Шаҳриёр ва Гуландом Асророва бо ӯ ҳамсуҳбат мешаванд.
Мусоҳибаро метавон ҳамчунин дар реҷаи онлайн бо пахши тугмаи радио дар сомонаи агентӣ ё мустақиман тариқи гузариш ба суроғаи
http://asiaplusradio.tj/
низ гӯш кард.
Саволҳои худро шунавандагону ҳаводорони овозхон метавонанд ҳамчунин тариқи рақами 10700 ё мустақиман дар эфир тавассути занг ба рақами (+992 44) 6107107 низ пешниҳод намоянд.
Андӣ ҷиҳати баргузор кардани консерти муштарак бо овозхони ҷавони тоҷик Ҷонибек Муродов ба Душанбе омад. Консерти мазкур рӯзи 5-уми май дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешавад.
Овозхони шинохтаи эронӣ Андӣ бо забонҳои форсиву тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ, англисӣ ва арабӣ месарояд. Айни замон Андӣ дар ИМА иқомат дорад. Дар яке аз мусоҳибахои ахири худ овозхон изҳор намуд, ки барои он дар ИМА зиндагӣ дорад, ки онҷо одамон аз мусиқии дилхоҳашон баҳра мебаранд, вале «ба ҳар ҳол, ман аз ҳама бештар бо устодони ҳунари эронӣ ҳамкорӣ карданиам, зеро Ватан дар ҷойи худашу ватан аст».


