Иштироки роҳбари АНМН дар машварати СҲШ оид ба мухаддирот

Date:


Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар кори Машварати мақомоти салоҳиятдор ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек ширкат варзид.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни суханронӣ дар машварат Р.Назаров бо назардошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии соли 2014 дар Афғонистон, пешниҳод намуд, ки барои баррасии муфассали вазъи мухаддиротӣ дар минтақа ва мувофиқаи тадбирҳои воқеъии мушаххас баҳри пешгирии ҷараёни манфии он вохӯрии муштараки мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия, ИМА, Чин, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, СААД ва СҲШ гузаронида шавад.

Дар машварат ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши назорати муомилоти ғайриқонунии мухаддирот, пешгирии истеҳсолу фурӯши он дар Афғонистон низ баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2014 оид ба иҷрои Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ ва ба ҳайати гурӯҳҳои кории Машварат тағийротҳо ворид гардиданд.

Дар кори машварат вазири амнияти ҷамъиятии Чин, роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дабири кулли СҲШ ва директори Кумитаи иҷрияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат варзиданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...