Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) ба Агентии омори назди президенти ҶТ дар беҳтар сохтани сифати ҷамъоварии маълумот оид ба амнияти ғизоӣ дар ҷамоатҳои 12 ноҳияи санҷишӣ кӯмак мерасонад.
Тавре аз дафтари кории ташкилот дар Душанбе хабар доданд, санаи 2-юми май дар 10 ҷамоати ноҳияи Турсунзода оид ба омодасозии мутахассисони омор дар бахши асосҳои кор бо компютер, иҷрои кор дар шакли компютерӣ, беҳбуди сифат, саҳеҳӣ ва саривақтии ҷамъоварии маълумот тренинг оғоз гардид.
Лоиҳа дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳисор, Айнӣ, Истаравшан, Бохтар, Бобоҷон Ғафуров, Вахш, Восеъ, Кӯлоб, Дарвоз ва Тавилдара мавриди санҷиш ва амалисозӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин роҳандозии истифодаи шабакаи Интернет дар ин ҷамоатҳо низ дар назар аст, то ки маълумот дар бораи амнияти ғизоӣ ҷиҳати коркард ва таҳлил саривақт ва бетаъхир ба марказҳои марказӣ ва минтақавии омор ирсол гардад.
Ғайр аз ин, дар доираи ин лоиҳа методологияи таҳқиқоти интихобии хонаводаҳо таҳия гардида, айни замон ҷараёни гузариш аз методи ҳамагонии таҳқиқот ба ин метод ҷараён дорад. Дастури муфассали таҳқиқоти интихобии хонаводаҳо интишор ва барои истифода ба Агентии омори ҷумҳурӣ супурда шудааст.


