Идомаи мурофиаи «Тоҷирон» ва «Имрӯз News»-у Ф.Воҳидова

Дар таърихи 30 апрели соли 2013 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи навбатӣ бо даъвои ҶДММ «Тоҷирон» бо ҷавобгарии Ф. Воҳидова ва рӯзномаи «Имрӯз News» дар бораи бардурӯғ донистани маълумотҳои дар воситаи ахбори умум нашршуда баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Тоҷирон» хабар доданд, дар ин мурофиаи судӣ шоҳидон Боев Н. (падари марҳум Боев […]

ASIA-Plus


Дар таърихи 30 апрели соли 2013 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи навбатӣ бо даъвои ҶДММ «Тоҷирон» бо ҷавобгарии Ф. Воҳидова ва рӯзномаи «Имрӯз News» дар бораи бардурӯғ донистани маълумотҳои дар воситаи ахбори умум нашршуда баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Тоҷирон» хабар доданд, дар ин мурофиаи судӣ шоҳидон Боев Н. (падари марҳум Боев Фахриддин), Мунаваров Ҷ. (язнаи марҳум Боев Фахриддин) ва ронанда Дастамбуев Н. пурсида шуда, баёнот доданд, ки ҳамаи суханҳои Ф. Воҳидова дар бораи ба Душанбе овардани ҷасади марҳум Боев Ф. ва тамаъ намудани маблағи пулӣ бардурӯғ ва туҳматангез мебошанд.

«Инчунин шоҳидони номбурда тасдиқ намуданд, ки ҳамҷавобгар Ф. Воҳидова пеш аз паҳн намудани хабари бардурӯғ бо онҳо дар тамос нашудааст ва саҳеҳияти ахбори гирифтаашро насанҷидааст», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти ҷамъият. Зимнан зикр мегардад, ки ҳолатҳои дар боло овардашуда бори дигар тасдиқ менамоянд, ки Ф. Воҳидова дар бораи ҷамъияти «Тоҷирон» хабарҳои беасос ва туҳматангезро паҳн намудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.