Нигаронии намояндагии ИА аз латукӯби М.Ҳаит

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳамла ва латукӯби муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит изҳори нигаронӣ ва ин амалро маҳкум мекунад. Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА аз ҳукумати Тоҷикистон гузаронидани тафтишоти амиқи ин ҳодисаро дархост мекунад. «Азбаски ҷаноби Ҳаит намояндаи ҳизби муҳими қонунии мухолифин аст, муомилаи шаффофи […]

ASIA-Plus


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳамла ва латукӯби муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит изҳори нигаронӣ ва ин амалро маҳкум мекунад.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА аз ҳукумати Тоҷикистон гузаронидани тафтишоти амиқи ин ҳодисаро дархост мекунад. «Азбаски ҷаноби Ҳаит намояндаи ҳизби муҳими қонунии мухолифин аст, муомилаи шаффофи ҳодиса барои эътимодияти интихоботи президентӣ аҳамияти муҳим дорад», – баён мегардад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризогии сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.