Боздошти нахустин гумонбарон дар қазияи Дарвоз

Аз рӯи далели марги як писари ноболиғ дар ноҳияи Дарвоз ду нафар марзбонон, хизматчиёни қисмиии низомии мустақар дар Қалъаи Хумб боздошт шуданд. Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси […]

ASIA-Plus


Аз рӯи далели марги як писари ноболиғ дар ноҳияи Дарвоз ду нафар марзбонон, хизматчиёни қисмиии низомии мустақар дар Қалъаи Хумб боздошт шуданд.

Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон бо маводи сӯзишворӣ, кӯдакро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон карда, ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст.

«Баъди рафъи хатари ошкор гардидан сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакй фавтида буд ва ҷасади ӯро онҳо ба дарё мепартоянд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст», – зикр кард Аҳмедов.

Толибилми синфи ҳаштум, сокини ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков мудом бо сарбозони қисми низомӣ дар робита буда, ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекард. Муомилоти навбатии шоми 1-уми май барои ӯ фоҷеабор анҷомид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.