Дар маъракаи интихоботии миёндаврии вакили парлумон, ки дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 доир гардид, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо бартарии зиёд пирӯз шуд.
Тавре аз комиссияи интихоботии ҳавзаи мазкур хабар доданд, интихобот дар тамоми қитъаҳо доир гардида, ба Сафаров ҳудуди 73%, ба намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ибодулло Неъматов – 16% ва ба номазади ба таври худпешбарӣ иштирокдошта Раҷаби Мирзо беш аз 7%-и интихобкунандагон раъй додаанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзад Раҷаби Мирзо изҳор намуд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ ӯ нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ бозхонд кардааст ва сабаби чунин тасмим гирифтанро дахолати дағали ҳукумати маҳаллӣ ба ҷараёни интихобот унвон кард.
Номбурда таъкид намуд, ки аз болои натиҷаҳои интихобот ба ҷое шикоят бурданӣ нест, зеро ба андешаи ӯ, «ин сарфи беҳудаи вақту асабҳост».


