Пирӯзии намояндаи ҲАТ дар интихоботи миёндаврӣ

Дар маъракаи интихоботии миёндаврии вакили парлумон, ки дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 доир гардид, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо бартарии зиёд пирӯз шуд. Тавре аз комиссияи интихоботии ҳавзаи мазкур хабар доданд, интихобот дар тамоми қитъаҳо доир гардида, ба Сафаров ҳудуди 73%, ба намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ибодулло Неъматов – 16% ва ба […]

Аваз Юлдошев


Дар маъракаи интихоботии миёндаврии вакили парлумон, ки дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 доир гардид, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо бартарии зиёд пирӯз шуд.

Тавре аз комиссияи интихоботии ҳавзаи мазкур хабар доданд, интихобот дар тамоми қитъаҳо доир гардида, ба Сафаров ҳудуди 73%, ба намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ибодулло Неъматов – 16% ва ба номазади ба таври худпешбарӣ иштирокдошта Раҷаби Мирзо беш аз 7%-и интихобкунандагон раъй додаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзад Раҷаби Мирзо изҳор намуд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ ӯ нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ бозхонд кардааст ва сабаби чунин тасмим гирифтанро дахолати дағали ҳукумати маҳаллӣ ба ҷараёни интихобот унвон кард.

Номбурда таъкид намуд, ки аз болои натиҷаҳои интихобот ба ҷое шикоят бурданӣ нест, зеро ба андешаи ӯ, «ин сарфи беҳудаи вақту асабҳост».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.