Нахуствазири Эстония вориди Тоҷикистон шуд

Субҳи имрӯз нахуствазири Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президент Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар фурудгоҳ Андрус Ансипро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешвоз гирифт. Дар ҷараёни сафари нахуствазири Эстония, ки то рӯзи 7-уми май идома меёбад, вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз нахуствазири Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президент Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар фурудгоҳ Андрус Ансипро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешвоз гирифт.

Дар ҷараёни сафари нахуствазири Эстония, ки то рӯзи 7-уми май идома меёбад, вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раиси палатаи поёни парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамчунин директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар назар аст.

Рӯзи сешанбе ӯ дар ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат хоҳад варзид. Дар ин ҳамоиш аз иштироки даҳҳо ширкатҳои эстонӣ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эстония 3,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.