Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост намуд, ки ба қазияи боздошти тоҷири маъруф, роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби тозаи «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст дахолат намояд.
Дар изҳороти дар саҳифаи Фейсбук дарҷёфтаи Зойиров ба унвони Маҷлис ва раиси пойтахт ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба қазияи мазкур, аз ҷумла ба раиси пойтахт савол дода мешавад, ки ба қавли хешовандон ва ҳимоятгарони Саидов, ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва аз имтиёзоти дахлдор бархӯрдор буда, вале то ҳанӯз мавқеи Маҷлиси мазкур ва пеш аз ҳама, раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев норавшан аст.
Раиси ҲСДТ хотиррасон менамояд, ки аз замони боздошти Саидов вақти зиёде сипарӣ шуда, вале дастрасии адвокатҳо ба ӯ иҷоза нашудааст, ки ин аз беэътиноии гурӯҳи тафтишотӣ нисбати адвокатҳо ва ба сурати умум ба қонунгузории ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин робита ӯ аз раиси шаҳри Душанбе даъват мекунад, ки ба қазияи Зайд Саидов дар масъалаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт будан ва аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор будани ӯ ва ҳамчунин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ мавқеи худ ва Маҷлисро мушаххас кунад.
Дар саволи охир Зойиров хостааст, ки ба саволи ба Агентии зиддифасод розигии пешакӣ додани Маҷлис ҷиҳати ҷалби Саидов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ посух дарёфт намояд.
Бо такя ба Сарқонуни Тоҷикистон ва қонунҳои дигар, раиси ҲСДТ аз мири пойтахт дархост кардааст, ки ба саволҳояш посух бигӯяд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз аз
даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
интизорӣ меравад, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.


