Як зодаи Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум бинои сафоратхонаи Бразилияро дар Маскав мавриди сангандозӣ қарор дода, боздошт ва ба мақомоти пулис мунтақил гардидааст.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яз зодаи Осиёи Миёна бо сабаби номаълум ба бинои сафоратхонаи Бразилия дар Маскав сангандозӣ намуда, дари ин биноро хароб кардааст. Айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Точикистон дар Русия ахбори расонаҳои русиро дар бораи он ки гӯё шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, мавриди таҳқиқу тафтиш қарор додааст.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, то замони пурра дақиқ намудани ҷузъиёти ин ҳодиса ва маълум кардани он ки воқеан ин шаҳрванд табааи кишвари мост, иловатан чизе наметавон гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, бинои сафорати Бразилия дар як минтақаи марказии пойтахт, дар шафати бинои сафоратхонаҳои дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар фосилаи начандон дури миёни биноҳои сафорат ва консулгарии Тоҷикистон карор дорад.
«Мо бо Бразилия муносиботи хуб дорем ва аслан миёни кишварҳои мо мушкиле мавҷуд нест. Бинобар ин, бо эътимоди бештаре метавон тахмин зад, ки агар ин амали ноҷоро воқеан шаҳрванди мо карда бошад, он ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ нахохад дошт. Ҳарчанд, ки то ба ҳол на аз сафорати Бразилия ва на аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба сафорат ахбори расмӣ ворид нагардидааст, бовар дорам имрӯз ин масъала рӯшан хохад шуд», – иброз медорад М.Эгамзод.


