Эътирози як тоҷик нисбати сиёсати Бразилия

Date:


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинои сафорати Бразилия дар Маскавро мавриди сангандозӣ қарор додаву ба дари он зарар расонида буд, амали худро ба норозигиаш нисбат ба сиёсати ин кишвар дар масъалаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шарҳ додааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда як шаҳрванди Тоҷикистон ба дари сафоратхонаи Бразилия дар Русия бо сангандозӣ зарар расонида, ҳангоми аз ҷойи ҳодиса ғайб задан дастгир шуд.

«Нисбати ин шаҳрванд мутобиқи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи боздоштшуда, ӯ ба ин амал бо сабаби дар Бразилия ба замин гӯр кардани партовҳои радиоактивӣ даст задааст», – гуфтааст корманди хадамоти матбуот.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта як зодаи Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум бинои сафоратхонаи Бразилияро дар Маскав

мавриди сангандозӣ

қарор дода, боздошт ва ба мақомоти пулис мунтақил гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...