Сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як гурӯҳи шахсони воломақоми расмии кишварҳои хориҷӣ – иштирокчиёни ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушдро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат бо муовини сарвазир, вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ масоили ҳамкории ду кишвар, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як гурӯҳи шахсони воломақоми расмии кишварҳои хориҷӣ – иштирокчиёни ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушдро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат бо муовини сарвазир, вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ масоили ҳамкории ду кишвар, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Як зумра санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари давлатии қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бояд ба имзо расанд, ба мувофиқа расид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ва натиҷаҳои умедбахши он ба рушди бесобиқаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар мулоқот бо президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ масоили тақвияти ҳамкорӣ бо ин бонки соҳибнуфузи олам баррасӣ шуд.

Дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон вазири молияи Бангладеш Абулмаол Муҳит бо таваҷҷуҳи хоса ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ ва алюминий ба ташкили ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Бангладеш изҳори ҳавасмандӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.