Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?» паҳнкунии китобчае фаъолона ҷараён дорад. Муаллифи киточа як шахсе бо номи М.Мамадазизов аст.
Дар ин китобча Зайд Саидов ба серзанагӣ, ташкили гирдиҳамоиҳо дар солҳои 90-ум, хусусигардонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, робита доштан бо собиқ иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ғайра муттаҳам карда мешавад.
«Шахсе чун Зайд Саидов, ки боиси бесуботӣ дар кишвар гардидаву боз ба сиёсат рӯ овардааст, ба давлати тоҷикон манфиате оварда наметавонад», – тасдиқ мекунад муаллифи китобча.
Ҳуҷуми иттилоотӣ ба Зайд Саидов тавассути шабакаи интернет низ идома дорад. Ба суроғаи идораи ОИ «Азия-Плюс» низ маводи М.Мамадазимов бо забони англисӣ ирсол шуда, мазмуни он ба матни китобча ва ҳамчунин маводи санаи 10-уми май бо забони русӣ ирсолшуда бо имзои Сафар Ҳакимов мувофиқат дорад.
Тайи ду рӯзи ахир тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ дар бораи фаъолияти Зайд Саидов ба сифати вазири саноати ҷумҳурӣ барномаҳо пахш мешаванд. Барномаҳои мухтасар аслан ба фаъолияти корхонаи «Тоҷикатлас»-и пойтахт марбут буда, дар онҳо перомуни чӣ гуна будани корхона то замони хусусигардонии он аз ҷониби Зайд Саидов, шумори коргарон дар он ва ба чӣ табдил ёфтани он пас аз хусусигардонӣ наворҳо намоиш дода мешаванд.
Шахсе бо номи Комил Сабуров маводи ба ин монанд дар бораи «Тоҷикатлас»-ро тариқи суроғаи электронии идораҳои ВАО ирсол мекунад. Дар маводи кӯтоҳе бо забони англисӣ муаллиф шадидан барошуфта, барои муқоиса аксҳои фаъолияти корхона дар замони шӯравӣ ва ҳолати он пас аз хусусигардониро пешкаш менамояд. Собиқ вазири саноатро муаллиф тахрибкоре унвон мекунад, ки моликияти давлатиро ба хароба табдил додааст.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.


