Маъракаи густардаи иттилоотӣ алайҳи Зайд Саидов

Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?» паҳнкунии китобчае фаъолона ҷараён дорад. Муаллифи киточа як шахсе бо номи М.Мамадазизов аст. Дар ин китобча Зайд Саидов ба серзанагӣ, ташкили гирдиҳамоиҳо дар солҳои 90-ум, хусусигардонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, робита доштан бо собиқ иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ғайра […]

ASIA-Plus


Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?» паҳнкунии китобчае фаъолона ҷараён дорад. Муаллифи киточа як шахсе бо номи М.Мамадазизов аст.

Дар ин китобча Зайд Саидов ба серзанагӣ, ташкили гирдиҳамоиҳо дар солҳои 90-ум, хусусигардонии ғайриқонунии иншооти давлатӣ, робита доштан бо собиқ иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ғайра муттаҳам карда мешавад.

«Шахсе чун Зайд Саидов, ки боиси бесуботӣ дар кишвар гардидаву боз ба сиёсат рӯ овардааст, ба давлати тоҷикон манфиате оварда наметавонад», – тасдиқ мекунад муаллифи китобча.

Ҳуҷуми иттилоотӣ ба Зайд Саидов тавассути шабакаи интернет низ идома дорад. Ба суроғаи идораи ОИ «Азия-Плюс» низ маводи М.Мамадазимов бо забони англисӣ ирсол шуда, мазмуни он ба матни китобча ва ҳамчунин маводи санаи 10-уми май бо забони русӣ ирсолшуда бо имзои Сафар Ҳакимов мувофиқат дорад.

Тайи ду рӯзи ахир тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ дар бораи фаъолияти Зайд Саидов ба сифати вазири саноати ҷумҳурӣ барномаҳо пахш мешаванд. Барномаҳои мухтасар аслан ба фаъолияти корхонаи «Тоҷикатлас»-и пойтахт марбут буда, дар онҳо перомуни чӣ гуна будани корхона то замони хусусигардонии он аз ҷониби Зайд Саидов, шумори коргарон дар он ва ба чӣ табдил ёфтани он пас аз хусусигардонӣ наворҳо намоиш дода мешаванд.

Шахсе бо номи Комил Сабуров маводи ба ин монанд дар бораи «Тоҷикатлас»-ро тариқи суроғаи электронии идораҳои ВАО ирсол мекунад. Дар маводи кӯтоҳе бо забони англисӣ муаллиф шадидан барошуфта, барои муқоиса аксҳои фаъолияти корхона дар замони шӯравӣ ва ҳолати он пас аз хусусигардониро пешкаш менамояд. Собиқ вазири саноатро муаллиф тахрибкоре унвон мекунад, ки моликияти давлатиро ба хароба табдил додааст.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.