Суғд: Ҳукми 18 соли зиндон ба шаҳрванди Қазоқистон

Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қазоқистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Ӯ ҳудуди 30 кило маводи нашъаовари героинро аз Тоҷикистон ба ватан интиқол доданӣ буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломов хабар дод, санаи 20-уми май дар бинои […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қазоқистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Ӯ ҳудуди 30 кило маводи нашъаовари героинро аз Тоҷикистон ба ватан интиқол доданӣ буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломов хабар дод, санаи 20-уми май дар бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷаласаи сайёри судӣ баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванди Қирғизистон ва шаҳрванди Тоҷикистон ба итмом расид, ки дар нашъҷаллобӣ муттаҳам дониста мешуданд.

Суд сокини 37-солаи шаҳри Чимкент Бахтиёр Раҳимовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) гунаҳкор эътиоф намуда, ӯро ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тибқи ҳамин модда суд ҳамчунин сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд Мухтор Шарифовро низ айбдор дониста, ӯро ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар ҷараёни мурофиа зикр гардид, ки маҳкумшудагон 15-уми январи соли 2013 дар қаламрави хоҷагии ҷангали Водник аз ҷониби кормандони КДАМ дар вилояти Суғд дастгир шудаанд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»-и муталлиқ ба М.Шарифов дар курсии қафои автомашина як сумкаи дорои 30 адад бастаи героин бо вазни умумии 29,3 кило дарёфт ва мусодира шудааст, ки онро шаҳрванди Қазоқистон ба ватанаш интиқол доданӣ будааст.

Судя ҳамчунин илова намуд, ки алҳол ҳукм мавриди амал қарор нагирифта, имкони аз болои он шикоят бурдан мавҷуд аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.