Саҳҳомони «Мовароуннаҳр» ба манзилҳояшон соҳиб шуданд

Даъвои саҳҳомони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» мусбат ҳал шуд. Санаи 20-уми май суд таъҷилан ин даъворо баррасӣ кард, «то ки вазъи беҳад муташанниҷ»-ро муътадил созад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, дар мурофиаи судӣ ҳудуди 250 нафар саҳҳмон ширкат варзида, пас аз шунидани далелҳои онҳо, суд оид ба аз […]

ASIA-Plus


Даъвои саҳҳомони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» мусбат ҳал шуд. Санаи 20-уми май суд таъҷилан ин даъворо баррасӣ кард, «то ки вазъи беҳад муташанниҷ»-ро муътадил созад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, дар мурофиаи судӣ ҳудуди 250 нафар саҳҳмон ширкат варзида, пас аз шунидани далелҳои онҳо, суд оид ба аз ҳабс озод кардан ва ба саҳҳомон баргардонидани иншооти сохтмонаш нотамоми ширкат таъинот содир намуд. «Қарори иҷрочиёни судӣ аз 30-юми апрели соли 2013 дар бораи ҳабси амволи ширкатро низ суд беасос ва ғайриқонунӣ унвон кард», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Ёров, сариҷрочии суди ноҳияи Сино Қиёмиддин Ниёзов дар суд изҳор намудааст, ки чунин вазъ бинобар сабаби дар ҳукми Суди олӣ ва варақаҳои иҷро ҷой доштани мафҳумҳои мухолифи якдигар ба вуҷуд омадааст.

Мамадназар Раҳматшоев, роҳбари гурӯҳи саҳҳомон мутмаин аст, ки акнун ҳудуди 600 оила дар ниҳояти кор ба манзилҳои худ соҳиб мешаванд. «Мо муддати се сол дар ҳар гӯшае зиндагӣ карда, адолатро ҷӯё будем ва аз ноумедӣ рӯзи 3-юми июн ба гирдиҳамоӣ даст заданӣ будем, то ки ҳукуматдорон мушкилоти моро ҳал кунанд. Манзилҳои мо дар биноҳое ҷойгиранд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо 80-90% ба иҷро расидааст. Қисмати боқимондаро мо бо қувваи худӣ ба итмом мерасонем ва барои ин шояд 3-4 моҳ лозим ояд», – зикр кард ӯ.

Аз замони боздошти собиқ раҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов тирамоҳи соли 2010, иншооти сохтмонаш нотамоми ширкат иборат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт таҳти ҳабс қарор доштанд ва дар он корҳои сохтмонӣ қатъ гардида буданд.

Бино ба маълумоти Суди олии ҶТ,  зарари умумии аз ҷониби ширкат расонидашуда 62 млн. сомонӣ ё худ 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Арзиши иншооти сохтмонаш нотамоми таҳти ҳабс қароргирифта хеле камтар аст.

Моҳи июли соли 2012 Суди олии Тоҷикистон раҳбари 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охуновро ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо мавриди афв қарор гирифта, муҳлати ҷазо аз замони боздошти Охунов – 9-уми ноябри соли 2010 ҳисоб мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.