Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои маҳдудияти ҳуқуқӣ ба дин

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузориши ҳамасола дар бораи озодии мазҳаб дар саросари ҷаҳон дар соли 2012-ро интишор намуд. Муаллифони гузориш ҳукуматдорони тоҷикро ба нақзи ҳуқуқи аҳолии диндор маломат кардаанд. Дар гузориш зикр мегардад, ки давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ба озодии мазҳабро доро буда, талаб мекунад, ки ҳама гуна фаъолияти динии аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузориши ҳамасола дар бораи озодии мазҳаб дар саросари ҷаҳон дар соли 2012-ро интишор намуд. Муаллифони гузориш ҳукуматдорони тоҷикро ба нақзи ҳуқуқи аҳолии диндор маломат кардаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ба озодии мазҳабро доро буда, талаб мекунад, ки ҳама гуна фаъолияти динии аз ҷониби ҳукумат маъқулшуда дар асоси қонунгузорӣ сурат бигирад.

«Қонунгузории Тоҷикистон иштироки ҷавонони синнусоли то 18-сола дар фаъолияти динӣ, ба масҷид рафтани онҳо ва ҳамчунин ҳузури занон дар масҷидҳо барои ибодатро манъ кардааст», – баён мегардад дар иттилои департаменти давлатии ИМА.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба дар кишвар мавҷуд будани ҳудуди 4 ҳазор масҷид ва аз рӯи шумор аз ин ҷиҳат миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф будани Тоҷикистон (як масҷид ба 1,6 ҳазор мусалмонон рост меояд) изҳор мекунад, ки дар ҷумҳурӣ барои диндорон тамоми шароитҳои фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин дар кишвар Донишкадаи исломӣ, шаш мадраса ва як литсейи динӣ фаъолият дошта, ҳамасола озмуни қориёни Қуръон баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар онҳо беҳбуди вазъ дар бахши озодии мазҳаб зарур аст, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Украина ном бурда мешаванд. Ба акидаи муаллифони гузориш, вазъ дар Афғонистон, Ветнам, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Сурия, Куба ва ҳатто як қатор кишварҳои аврупоӣ, ки дар онҳо пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд, боиси нигаронӣ аст.

Риоя нашудани озодии мазҳабро ИМА асосан ба маҳдудияти ҳуқуқҳои аққалиятҳои динӣ марбут медонанд. Дар гузориши мазкур ҳамзамон ба мушкилоти яҳудибадбинӣ (антисемитизм) таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ба андешаи департаменти давлатии ИМА, дар чанде аз кишварҳо ин тамоил «дар ҳоли тақвият аст».

Дар як фасли алоҳидаи гузориш давлатҳое чун Венесуэла, Миср ва Эрон зикр шудаанд, ки дар онҳо «мансабдорони ҳукумат, пешвоёни рӯҳонӣ ва ВАО ақидаҳои яҳудибадбиниро изҳор менамоянд». Дар робита ба ин мушкилот дар Аргентина, Маҷористон, Юнон, Русия, Тунис, Украина ва Фаронса муноқишаҳои ҷудогона рух додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.