Ташрифи қарибулвуқӯи роҳбари «Ugur Group» ба Душанбе

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат баргузор гардид.  Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фазои сармоягузориро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат омодагии хешро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат баргузор гардид.

 Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фазои сармоягузориро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат омодагии хешро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён намуда, қайд кард, ки дар рӯзҳои наздик ба Душанбе сафар хоҳад намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки «Ugur Group» аз 12 ширкат иборат буда, дар соҳаҳои бунёди корхонаҳои ордбарорӣ, корхонаи истеҳсолии таҷҳизотҳои соҳаи ордбарорӣ, сохтмони анборҳои нигоҳдории донагӣ, биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхона фаъолият менамояд. «Ugur Group» дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.