Боздиди ёвари Дабири кулли СММ аз зиндони пойтахт

Нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2013 Ҳайати намояндагони СММ бо роҳбарии ёвари Котиби генералии СММ, ки бо ташрифи корӣ ҷиҳати ошнои аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сафар намудаанд, баъди мулоқоту вохӯриҳо бо Вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Прокурори генералӣ, Омбдусмен ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хостори ташриф ва шиносоиро аз зиндонҳои Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2013 Ҳайати намояндагони СММ бо роҳбарии ёвари Котиби генералии СММ, ки бо ташрифи корӣ ҷиҳати ошнои аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сафар намудаанд, баъди мулоқоту вохӯриҳо бо Вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Прокурори генералӣ, Омбдусмен ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хостори ташриф ва шиносоиро аз зиндонҳои Тоҷикистон намуд.

Тавре сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов хабар дода, ҷиҳати иҷрои хоҳиши ҳайат ва меҳмони олиқадр, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи ҶТ мулоқот ва ташрифи онҳоро ба Муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе таъмин намуд.

«Соати 19:00 бегоҳ намояндагони СММ дар ҳайати Иван Шимонович – ёвари Котиби генералии СММ, Ҳуланд Тседеев-сардори Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон, Феона Файзер- муовини сардори Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиё Марказӣ, Армен Арутян- роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Лилия Захариева ва Суҳроб Шоев- мушовирон оид ба ҳуқуқи инсони Намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Рустам Менглиев – Вазири адлияи ҶТ ва Изаттулло Шарифов – Сардори СРИҶ-и Вазорати адлияи ҶТ ба Муассисаи ислоҳии №4 ташриф фармуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти шиносоӣ намояндагон аз вазъи манзилҳои мулоқотии муваққатию шабонарӯзӣ, ошхона, чойхона, китобхона, масчид ва дигар иншоотҳои будубоши маҳбусон, ҳамчунин аз ҳавзи моҳипарварӣ, гармхона, майдони зироаткорӣ ва дигар иншоотҳои истеҳсолии муасиссаи мазкур дидан намуданд.

Ҳамзамон дар рафти шиносоӣ мулоқот ва вохӯрии намояндагони СММ бо маҳбусони муассисаи номбурда низ доир шуд. Ҷаноби Иван Шимонович ва дигар аъзоёни гурӯҳ аз вазъи нигаҳдорию муносибат, риояи ҳуқуқҳои маҳбусон, таъмини талаботҳои қонунӣ ва дигар масоили марбут  дар фазои озод аз маҳбусин суолу ҷавоб намуданд.

Ҳайати намояндагон ба вежа роҳбари он ҷаноби И. Шимонович аз вазъи муасиссаи мазкур изҳори қаноматмандӣ намуда, таассуроти худро баъди ошноӣ чунин арз намуд: «Банда то замони фаъолият дар СММ ба ҳайси Вазири адлияи кишвари Хорватия фаъолият кардаам. Ташрифи мазкур ва мулоқоту ошноӣ бо вазъи яке аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон, ки бе қарори пешакӣ пешниҳод ва доир гардид, барои ман хотирмон мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки СММ ҷиҳати таъмини талаботҳои ҳуқуқӣ инсон дар саросари ҷаҳон талошҳои зиёде мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ин созмон дар сатҳи лозима иҷрои он талаботҳоро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ташрифи ҳайат шиносои аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеъаи Тоҷикистон буд, ки фикр мекунам мо ба он ноил гардидем»

Ҳамчунин дар рафти мулоқот дигар намояндагони ҳайати мазкур аз вазъи озодона дар ҳудуди муаянгардидаи маҳбас сайругашт кардани зиндониён, ки масоҳати 4га-ро ташкил медиҳад, истироҳати якҷоя дар ду чойхонаи дар ҳудуди муассиса фаъолияткунанда, бе мамоният ва дар вақтҳои фориғ ба мутолиъа дар китобхона ва ибодат дар масчид машғул шудан ва ғайраҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Зеро ба гуфтаи онҳо шароити нигаҳдории зиндониён дар аксари кишварҳои дунё, ки ба таври «камеравӣ» (дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳ доштани ҳар як маҳбус) ва тартиби маҳдуд намудани алоқа ва ҳатто сӯхбат ба якдигарии маҳбусон, хеле сангин аст. Аммо шакли «лагер»-и нигаҳдорӣ, ки имкони суҳбату муносибат ва алоқаи зичро миёни зиндониён таъмин мекунад ва шароитҳои ҳам истироҳатӣ ва ҳам меҳнатии муассисаи мазкур аз тарафи намояндагон вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои онҳо,  ҷолиб арзёбӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.