Кумаки БИР дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

Date:


Президенти Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон кумак ҳохад кард.

«Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ буда, мо ба амалисозии лоиҳаҳое, ки на танҳо барои  кишвар манфиатоваранд, таваҷҷуҳ дорем», – иброз дошт ӯ бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони ИБР дар Душанбе.

Президенти БИР зикр кард, ки дар Туркманистон аллакай аз ҳисоби воситаҳои худӣ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани ин кишвар оғоз кардаанд.

«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», – афзуд Аҳмад Муҳаммад Алӣ.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе президенти Тҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ҷалб намуд.

Қобили зикр аст, ки 20-уми марти соли равон зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...