Дубора рад шудани пешниҳоди ҲНИТ оид ба тағйирот дар қонуни интихобот

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президент» дубора рад карда шуд. Зимни суханронӣ дар ин робита роҳбари шуъбаи ҳуқуқии палатаи поёнии парлумон Усмон Охунов […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президент» дубора рад карда шуд.

Зимни суханронӣ дар ин робита роҳбари шуъбаи ҳуқуқии палатаи поёнии парлумон Усмон Охунов изҳор намуд, ки пешниҳодоти зикршуда ба шарҳу тавзеҳи гуногуни қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ боис мегарданд.

«Агар пешниҳоди иштироки намояндагони тамоми аҳзоб дар кори ҳамаи қитъахои интихоботӣ ба инобат гирифта шавад, ҳуқуқҳои созмонҳои ҷамъиятӣ поймол мегарданд, ки чун аҳзоби сиёсӣ бояд ба ҳайати комиссияҳои интихоботӣ шомил гарданд, вале ба иллати камшумории сафҳояшон ба истифодаи ин ҳуқуқашон имкон надоранд. Ғайр аз ин, аҳзоби камшумори кишвар, аз қабили Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ иштироки намояндагони худ дар ҳамаи қитъаҳои интихоботиро, ки маъмулан беш аз 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, таъмин карда наметавонанд», – қайд кард Охунов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми майи соли равон вакилони МНМО ҶТ аз ҲНИТ бо супориши Шӯрои сиёсии ҳизб лоиҳаи «Ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба баррасии парлумон пешниҳод намуданд.

Тағйироти мазкур ба таъмини шаффофияти маъракаи интихоботи президенти кишвар дар тирамоҳи соли равон нигаронида шуда, вакилони ҲНИТ иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ва ҳавзавиро пешниҳод карданд.

«Баҳайати комиссияҳои қитъавӣ шомил кардани намояндагони ҳизбҳо талаботи аввалиндараҷа ва муҳими вакилон аз ХНИТ аст, зеро дар тамоми маъракаҳои интихоботии қаблӣ мо дар қитъаҳо мушкилӣ доштем ва намефаҳмидем, ки овозҳои гирифтаи мо куҷо ғайб заданд», – таъкид доштанд дар ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки

21-уми январи соли равон

низ дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуда буд.

Аввали моҳи феврал дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ

аз тамоми имконоти мавҷуда

истифода хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.