Ба рухсатии бемузд рафтани 40%-и кормандони «Тоҷиктрансгаз»

Дата:


Дар робита ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз хориҷи кишвар аз аввали соли равон, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» қариб нисфи кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхона Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, онҳо маҷбур шудаанд, ки ин миқдор кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристанд, зеро масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, ки аввали соли равон сурат гирифта буд, то ҳанӯз ҳаллу фасл нашудааст.

Ба қавли С.Шарофиддинов, бозпас ба кор даъват кардани кормандони ба рухстиии бемузд фиристодашуда танҳо пас аз ҳалли мушкилоти камбуди гази табиӣ имконпазир мебошад.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард. 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное